ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9­уми марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз лиҳози аҳамият, мазмуну муҳтаво, таҳлил, вазифагузорӣ ва дастуру супоришҳо барномаи муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқа ва низоҳои диниву мазҳабӣ, доман паҳн кардани ифротгароии динӣ, сиёсати духӯраи абарқудратҳо дар масъалаи терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро тақозо менамояд, ки ин масъалаҳо мавриди таҳлил, натиҷагирӣ ва роҳи ислоҳи баъзе мушкилоту камбудиҳои дар самти мазкур ҷойдошта баррасӣ, дар зимн вазифаҳо муайян ва мушаххас гарданд. Ба шарофати истиқлоли миллӣ мардуми Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла, эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Истиқлол барои эҳёи расму суннатҳои миллӣ, маросимҳои динӣ, ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, идҳои Рамазон ва Қурбон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Дар суханронии худ Сарвари давлат бар он ишора намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашни шахсиятҳои машҳури ҷаҳони ислом, ба монанди Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони маъруф таҷлил гардида, Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума ва се маротиба нашр шуда, тафсирҳои муътабартарин ва осори донишмандони бузурги ислом дастраси мардум шуданд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, озодии виҷдон, имон ва пайравӣ ба дину мазҳаб тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, ин арзишҳои олӣ зери ҳимояи Конститутсия ва давлат қарор доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба пайравони дини ислом, ки аксари аҳолии ҷумҳуриро ташкил мекунанд ва инчунин, пайравони дину мазҳабҳои дигар назари нек дошта, барои рушди дини мубини ислом ва арзишҳои ахлоқии он шароити созгорро муҳайё сохтааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, бо вуҷуди муносибати неку хайрхоҳонаи давлат нисбат ба ҳамаи пайравони дину мазҳабҳо ва пуштибонӣ аз онҳо дар ҷомеаи мо солҳои охир баъзе падидаҳои хатарзою нигаронкунанда, густариши таассубу хурофот, тафриқаандозӣ ва ифротгароии динӣ, риоя нашудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба назар мерасанд. Дар суханронии Пешвои миллат як падидаи хатарафзо ­ба сиёсат гаравидани дин ва ба дин гаравидани сиёсат мушоҳида мешавад. Мусаллам аст, ки сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ ва хатарнок буда, дар таълимоти аслии ислом вуҷуд надорад, зеро мағзу моҳияти ислом ақлу дониш омӯхтан, тарбия, имону эътиқод, яктопарастӣ мебошад. Зимни суханронии худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, амнияту оромӣ ва суботи ҷомеа тақозо менамояд, ки талаботи қонунҳои давлати дунявӣ риоя шуда, ба арзишҳои динӣ бояд оқилона муносибат намуд. Яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳз истифодаи ғаразноки эҳсосоти динии мардум ва бетарафиву бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд. Дар суханронии Президент доир ба ҳолатҳои ғайриқонунии машғул шудан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, даст задан ба амалҳои авомфиребӣ, фолбинӣ, ҷоду гарӣ, табобат бо дуову тӯмор ва дигар кирдорҳои ношоиста аз ҷониби баъзе муллоҳо ва ходимони дин мисолҳои мушаххас оварда, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Бо дарназардошти масъулияти бузурги падару модар дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тағйироту иловаҳо ворид ва он бо таҳрири нави ҷавобгӯй ба талаботи замон қабул карда шаванд.
Яке аз ҳадафҳои асосии иқдоми Пешвои миллат дар хусуси эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми навбатӣ маҳз таҳким бахшидан ба сатҳу сифати донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои кишвар ва иҷрои уҳдадориҳо ва дар ин замина, пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Пешвои миллат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ходимони дин ва фаъолон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки вазифаи инсонии мо ғамхорӣ ва дастгирии пиронсолон, беморон, маъюбон, ятимон ва дигар шахсони камбизоат ва ниёзманд мебошад.Яке аз вазифаҳои муҳим дар самти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ пешгирии фарҳанги бегона, тақлидкорӣ дар масъалаи сару либос, рафтору кирдор мебошад ва дар ин маврид таъкид гардид, ки ҳамаи қавму миллатҳо либоси миллии худро ба шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанд. Намояндаи ҳар як миллатро аз рӯйи забон, фарҳанг, суннат, одобу ахлоқ ва тарзи либоспӯшиаш мешиносанд.
Ба итминони комил метавон гуфт, ки суханронии Пешвои миллат бо фарогирии масъалаҳои муҳим як барномаи хеле фарох, пурмуҳтаво ҷиҳати муайян намудани роҳи ҷомеа ба фардои дурахшон, ҳуҷҷати калидӣ дар самти муайян намудани ғоя, андешаи миллӣ, мафкураи миллӣ маҳсуб ёфта, роҳи ҷомеаи моро дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, таъмини амният, оромӣ, суботи ҷомеа, ҳифзи манфатҳои миллӣ, эъмори давлати демокративу дунявӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ равшан менамояд.
Иброҳим ҶАББОРЗОДА,
Шавкат ШАРИФОВ,
дотсентони ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров